Skip to content

Таърихи мо

Дар Salam Consulting, мо боварӣ дорем, ки илм ва малака дарҳои имкониятҳоро мекушояд. Аз моҳи феврали соли 2024, мо кӯмак ва роҳнамоии мактаббачагон,донишҷӯён ва ҷавононро барои дарёфти стипендияҳо, барномаҳои табодули байналмилалӣ,барномаҳои тобистона, форумҳо ва конференсияҳо пешниҳод мекунем.
Мақсади мо ин аст, ки ба донишҷӯён барои омода кардани ҳуҷҷатҳо, пур кардани дархостҳо ва гирифтани маълумоти зарурӣ кӯмак расонем, то онҳо дар роҳи таҳсил ва касби худ муваффақ шаванд.

Роҳи мо бо як орзу оғоз ёфт — пайваст кардани мактаббачагон ва донишҷӯён бо имкониятҳои байналмилалӣ. Имрӯз, мо бо ифтихор мегӯем, ки донишҷӯёни мо стипендияҳои пурра маблағгузоришуда гирифта истодаанд, дар форумхо ва барномаҳои байналмилалӣ иштирок карда истодаанд.

Salam Consulting на танҳо як хидмати машваратӣ, балки як ҷомеаи ҷавонони боистеъдод ва ояндасоз аст.
Агар шумо дар ҷустуҷӯи стипендия, кӯмак барои дархостҳо ё имкониятҳои байналмилалӣ бошед, мо омодаем, ки шуморо роҳнамоӣ кунем

Арзишҳои мо

Мо ҳамеша кӯшиш мекунем, ки бо масъулият ва садоқат кор кунем, шаффофият ва эътимодро нигоҳ дорем ва муҳити дӯстонаеро барои ҳамкорӣ ва рушд фароҳам орем.

Профессионализм ва садоқат

Мо бо масъулият ва садоқати баланд ба ҳар як муроҷиаткунанда муносибат мекунем ва кӯшиш мекунем натиҷаи беҳтаринро таъмин кунем.

Шаффофият ва боварӣ

Мо бо ҳамкорон муносибати ошкоро ва боэътимод дорем ва ба онҳо маълумоти дурусту аниқ пешниҳод мекунем.

Хушмуомилагӣ

Муносибати нек, эҳтиром, ҳамкорӣ ва дастгирии якдигар барои муҳити дӯстона ва самаранок.

Мақсади мо

Пешниҳод кардани имкониятҳои байналмилалӣ

Пешниҳод кардани имкониятҳои байналмилалӣ

Мо ба донишҷӯён барои ба даст овардани стипендияҳо, барномаҳои табодул, форумҳо ва конференсияҳо, саммитҳо, барномаҳои тобистона ва курсҳои омӯзишӣ кӯмак мерасонем, то потенсиали худро дар сатҳи ҷаҳонӣ нишон диҳанд.

Саҳм гузоштан дар рушди маориф

Саҳм гузоштан дар рушди маориф дар Тоҷикистон

Мо мақсад дорем, ки дониши аҳолиро дар бораи барномаҳои байналмилалӣ баланд бардорем, таҳсилоти босифатро пешниҳод кунем ва ҷавонони Тоҷикистонро барои расидан ба муваффақиятҳои академӣ ва касбӣ ҳавасманд созем.

Дастаи мо

Мо як дастаи эҷодкор, содиқ ва ҳирфавӣ ҳастем. Ҳадафи мо — рушди шумо!

Абдурахмонбек Ахмедов

Абдурахмонбек Ахмедов

Муассиси Salam Consulting

“Бо дасти худ ояндаи беҳтар месозем.” Паём фиристед
Муҳаммадшариф Расулов

Муҳаммадшариф Расулов

Менеджери маркетинг ва SMM

“Маркетинг — санъати таъсиргузорӣ аст.” Паём фиристед
Муҳаббатзода Аюб

Муҳаббатзода Аюб

Мутахассиси IT ва Киберамният

“Техника ва амният — ояндаи мост.” Паём фиристед