Ба мо ҳамроҳ шавед ва орзуҳои худро ба воқеият табдил диҳед!
Дастрасӣ ба имкониятҳо
Кӯмак ба донишҷӯён барои ёфтани стипендияҳо ва барномаҳои байналмилалӣ.
Рушди шахсӣ ва касбӣ
Ташвиқи малакаомӯзӣ ва рушди касбӣ барои ояндаи беҳтар.
Ҳамкорӣ ва шабакасозӣ
Ҳамкорӣ бо шарикон барои фароҳам овардани имкониятҳои бештар.
Инноватсия ва рушд
Ҷустуҷӯи роҳҳои нав барои такмили хидматҳо ва дастгирии донишҷӯён.
Натиҷаҳои илҳомбахш
Ин ҷо баъзе аз лоиҳаҳо, барномаҳо ва имкониятҳои муваффақро мебинед, ки барои донишҷӯён ва мутахассисони ҷавон пешниҳод кардем.
Хочазода Эмомали
Ман Хочазода Эмомали, хатмкардаи гимназияи №1-и н.Балчувон,Точикистон. Соли 2024 пас аз хатми мактаби миёна, тавассути барномаи Turkiye Burslari ба донишгохи Haci Bektas Veli University дар шахри Невшехири Туркия ба ихтисоси Идораи Давлатӣ дохил шудам.
Холо бошад дар хамин донишгох Забономузӣ гузашта истодаам.Дар ин муддат бо донишчуёни кишвархои гуногун шинос шудам.Муошират бо онхо чахонбиниамро васеътар намуд. Хамчунин ба ман фарханг,урфу одат ва тарзи зиндагии мардуми Туркия писанд омад.
Ман дар бораи ин имконият тавассути Salam Consulting фаҳмидам ва барои роҳнамоӣ, ки ин даста пешниҳод мекунад, бениҳоят хурсанд хастам. Аз машварат сар карда то хуччат супоридан,интервю гузаштан,дар тамоми даврхо, то ба Туркия омаданам кумак карданд.То хол низ дар алока хастем ва ман хело миннатдор хастам.Ташаккур!
Аиша Садриддиновна
Ман Аиша Садриддиновна ҳастам, донишҷӯи курси 2-юми резидентураи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, шаҳри Душанбе, Тоҷикистон. Наздикан имконияти олӣ пайдо кардам, ки дар форуми 4-рӯзаи The Youth Leadership and Business Forum Turkiye дар шаҳри Истанбул, ки аз ҷониби Global Business Symposium ташкил шуда буд, иштирок намоям.
Иштирок дар Youth Leadership and Business Forum дар Туркия барои ман як таҷрибаи воқеан илҳомбахш буд. Шиносоӣ ва шабакасозӣ бо иштирокчиён аз кишварҳои гуногун ба ман кӯмак кард, ки дустони байналмилалӣ пайдо кунам.
Ман дар бораи ин имконият тавассути Salam Consulting фаҳмидам ва барои роҳнамоӣ, ки ин платформа пешниҳод мекунад, бениҳоят миннатдорам. Маҳз ба шарофати чунин платформаҳо, мутахассисон ва ҷавонон метавонанд ба имкониятҳои арзишманди ҷаҳонӣ дастрасӣ пайдо кунанд.Ташаккур!
Гулистон Файзова
Номи ман Гулистон Файзова аст ва ман як зани соҳибкор дар шаҳри Душанбе, Тоҷикистон ҳастам.
Ман хеле шодам, ки дар форуми The Youth Leadership and Business Forum Turkiye дар шаҳри Истанбули Туркия, ки аз ҷониби Global Business Symposium ташкил шуда буд ва 4 рӯз давом кард, иштирок намудам.
Ман бисёр чизҳоро дар бораи кор дар гурӯҳ, суханронӣ ва беҳтарсозии шахсиям омӯхтам. Шиносоӣ бо мутахассисон ва ҷавонони фаъол барои ман як таҷрибаи аҷиб буд. Ҳамчунин, иштирок дар семинарҳо ва мастер-классҳо ба ман идеяҳо ва малакаҳои нав доданд.
Ман дар бораи ин имконият тавассути Salam Consulting фаҳмидам ва барои кӯмаку дастгирии онҳо хеле миннатдорам. Ба туфайли чунин платформаҳо, ҷавонон метавонанд имкониятҳои хуб барои рушди шахсӣ ва омӯзиш пайдо кунанд.